Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳзанҳо киштии юнониро раҳо карданд


Роҳзанҳои дарёии Сомалӣ ахиран киштии юнонии "Нипайя"-ро раҳо карданд. Онҳо ин киштиро рӯзи 25 март дар соҳилҳои Сомалӣ дар ҳоле ғасб карда буданд, ки он аз Мадагаскар сӯи Халиҷи Форс роҳ гирифта буд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, вазъи сиҳати 19 узви экипажи кишӣ хуб аст. Ҳанӯз маълум нест, ки барои раҳоии киштӣ гаравпулӣ пардохт шудааст ё не.
Рӯзи шанбе роҳзанҳо як киштии бритониёвиро баъди пардохта шудани 2 миллион доллар гаравпулӣ раҳо карда буданд. Бисёр кишварҳо ба хотири хатми ҳамлаҳои роҳзанҳои дарёӣ ба халиҷи Аден киштиҳои низомӣ ва чархболҳо фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG