Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори кумаки оҷил ба фирориён аз Свот шуд


Раҳбари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба садҳо ҳазор фирориён аз водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, кумак кунанд. Антонио Гутиерес ба зарурати ироаи кумаки оҷил ба мардуми минтақаи доғро таркнамуда таъкид кард. Охири ҳафтаи гузашта артиши Покистон амалиёти густарда ба мавқеъҳои мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” дар водии Свот ва атрофу акнофи онро шурӯъ намуд. Ба иттилоъи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, то имрӯз минтақаи даргириҳоро беш аз 360 ҳазор нафар тарк кардаанд. Вазири умури дохилаи Покистон дирӯз хабар дод, ки дар задухурдҳо дар Свот тақрибан 700 тан аз мусаллаҳони “Толибон” кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG