Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифин намоишҳои эътирозиро идома медиҳанд


Мухолифини ҳукумати Гурҷистон баъд аз мулоқоти ноком бо раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ дар бораи идомаи намоишҳои эътирозӣ тасмим гирифтанд. Дар музокирот бо сарвари кишвар, ки рӯзи душанбе доир шуд, чаҳор тан аз фаъолони мухолифин, аз ҷумла, собиқ вазири умури хориҷа Саломе Зурабишвилӣ ширкат дотшанд. Хонум Зурабишвилӣ баъд аз музокирот ба хабарнигорон гуфт, ки ҷонибҳо ба дарёфти созиш муваффақ нашуданд. Собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳур Леван Гачечиладзе, ки низ дар музокирот ширкат дошт, дар ҷамъи тазоҳургарон дар назди бинои парлумони Гурҷистон изҳор намуд, ки намоишҳои эътирозӣ шадидтар хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол худи Михаил Саакашвилӣ бегаҳи дирӯз дар як баёнияи телевизионӣ мулоқот бо раҳбарони мухолифинро чун “қадаме ба пеш” арзёбӣ намуд.
XS
SM
MD
LG