Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон


Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро аз мақомаш барканор кард. Генерал Дэвид МакКейрман камтар аз як сол ин вазифаро бар дӯш дошт. Гейтс гуфт, ӯ аз МакКейрман дархост намудааст то ба истеъфо биравад ва афзуд, ки барои бурдани ҷанг алайҳи ҷунбиши “Толибон” “афкори тоза” зарур аст.
Роберт Гейтс ҳамчунин хабар дод, ки ба мақоми фармондеҳи нерӯҳи кишвар дар Афғонистон ӯ генерал Стенли МакКристал, собиқ фармондеҳи нерӯҳои вижаро пешбарӣ кардааст. Баъди пазируфта шудан генерал МакКристал фармондеҳии дастикам 45 ҳазор низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистонро бар ӯҳда хоҳад дошт.
Фармондеҳи ба истеъфорафта Дэвид МакКейрман аз тарроҳони аслии нақшаи афзоиши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG