Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум вориди Исроил шуд


Истиқбол аз попи Рум дар фурудгоҳи Бен Гурион
Истиқбол аз попи Рум дар фурудгоҳи Бен Гурион

Рӯзи душанбе пешвои калисои католики романӣ Поп Бенедикти XVI бо сафари панҷрӯза вориди Ховари Миёна шуд ва аз Исроилу қаламравҳои фаластинӣ дидан мекунад.

Боздиди панҷрӯзаи ӯ аз замини муқаддас ва зиёрат аз манотиқи таҳти назорати фаластиниҳо аз бахшҳои ҳассоси сафари Поп ба Ховари Миёна арзёбӣ шудааст. Дар ҷараёни ин сафар зиёрат аз муҷассамаи қурбониҳои Ҳолокост - Яд Вашем, воқеъ дар шаҳри Байтулмуқаддас ва ҳамчунон дидору гуфтугӯҳо бо раҳбарони исроиливу фаластинӣ ва пешвоёни ҷамоаҳои яҳудӣ, насронӣ ва мусулмон мадди назар аст. Рӯзи чоршанбе дар канори шаҳри Байт Лаҳм, ки зодгоҳи Исои Масеҳ номида мешавад, мулоқоти Поп бо фаластиниҳои муқими урдугоҳи паноҳандагон ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

Қабл аз вуруд ба Исроил дар Урдун Поп Бенедикт даъват кард, ки равобит миёни мусулмонону насрониҳо таҳким ёбад. Ҳамин гуна аснои зиёрат аз Исроил пешвои калисои католики романӣ ба тақвияти равобит миёни яҳудиҳо ва Ватикан даъват хоҳад кард.
Ҳангоми пешвози Поп дар фурудгоҳи Бен Гуриони пойтахти Исроил президенти давлати яҳудӣ Шимон Перес гуфт: "Боздиди шумо бо худ ҳамдигарфаҳмии хуҷастаи миёни динҳоро оварда, сулҳро ба дуру наздик тавсеа мебахшад."

Вале аз эҳтимол дур нест, ки ин сафари Поп бо душвориҳои муайяне рӯ ба рӯ гардад. Яҳудиҳо зиёд хушҳол нестанд, ки ду моҳ пеш поп Бенедикт як роҳиби британиявии барканоршударо, ки аз ҷумла қатли оми яҳудиҳо дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳониро рад мекунад, дар мақомаш барқарор кард. Гуфта мешавад, ки роҳиб бо ҷурми дигаре аз мақом барканор шуда буд ва Бенедикт, ки бидуни
машварат бо ёваронаш ӯро барқарор кард, аз афкори ин роҳиб дар бораи Ҳолокост иттилоъ надоштааст. Ба ҳар ҳол баъди нашри ин иттилоъ баъзеҳо ба ёд оварданд, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ калисои католики романӣ ба қадри кофӣ аз имконоташ истифода набурд, то яҳудиёнро аз кушторҳои дастаҷамъӣ наҷот диҳад.

Аснои буду бош дар Урдун поп изҳори умед кард, ки зиёрати ӯ ба коҳиши ташаннҷуи миёни динҳо кӯмак мерасонад: "Мутаассифона, наметавон ихтилоф миёни пайравони динҳову анъанаҳои гуногунро нодида гирифт. Аммо баъзан аз дин бо ҳадафҳои идеологӣ ва баъзан мақсадҳои сиёсӣ кор мегиранд, ки омили ҳаракатдиҳандаи ташаннуҷу ихтилоф ва ҳатто хушунат дар ҷомеа мегардад."

Поп Бенедикт мегӯяд, ки сафари ӯ на сиёсӣ, балки рӯҳонӣ мебошад, зеро аз макони муқаддас зиёрат хоҳад кард. Дар айни замон ӯ борҳо таъкид кард, ки ҷонибдори сулҳи миёни арабу исроилиҳост. Шояд ҳангоми мулоқот бо сарвазири Бенямин Натаняҳу поп ба сулҳ дар Ховари Миёна даъват кунад.

Рӯзи чоршанбе пешвои калисои католики романӣ ба манотиқи таҳти назорати фаластиниҳо гузашта, бо Маҳмуд Аббос сарвари ҳукумати мухтори фаластиниҳо вомехӯрад. Сипас Поп дар урдугоҳи паноҳандагони фаластинӣ, воқеъ дар канори шаҳри Байт Лаҳм, зодгоҳи Исои Масеҳ бо паёме муроҷиат хоҳад кард. Бошандагони урдугоҳ дар пеши девори ҷудокунандаи соҳили ғарбӣ аз Исроил барои суханронии Поп минбаре бунёд кардаанд.

Фаластиниҳо бовар доранд, ки расонаҳои ҷаҳонӣ аз суханронии Поп гузориш таҳия намуда, хоҳу нохоҳ девори ҷудоиро нишон медиҳанд. Ҷои ёдоварист, ки Исроил ба бунёди чунин минбар иҷозат надод, вале фаластиниҳо онро сохтанд. Аммо ҳоло дақиқ нест, ки поп маҳз аз ҳамин минбар суханронӣ мекунад ва ё аз ҷои дигаре, ки ба худи ӯ маъқул шавад.
XS
SM
MD
LG