Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии Роксана Собирӣ аз зиндони Эвин


Роксана Собирӣ

Роксана Собирӣ

Баъди тақрибан 5 моҳи боздошт ва маҳкумият бо ҷурми ҷосусӣ Роксана Собирӣ имрӯз бо ҳукми як додгоҳи таҷдиди назар аз зиндони Эвин озод шуд.

Вакилони мудофеъи хабарнигори зиндонишудаи эрониву амрикоӣ Роксана Собирӣ гуфтанд, ки ӯ имрӯз бар асоси қарори додгоҳи таҷдиди назар аз зиндони Эвини Теҳрон озод шуд. Имрӯз додгоҳи таҷдиди назар 8 соли ҳукми қаблии зиндони Роксана Собириро бо 2 сол ҳукми ҳабси шартӣ иваз кард.

Додгоҳи қаблӣ Роксана Собириро бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Амрико ба 8 соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо вакили мудофеъи ӯ Солеҳ Некбахт гуфт, ҳукми додгоҳи поёнӣ имрӯз тавассути додгоҳи таҷдиди назар лағв шуд.Солеҳ Некбахт афзуд, Роксана Собирӣ ҳаққ дорад ба дунболи раҳоияш аз зиндон Эронро тарк кунад, вале тайи 5 сол ҳаққи хабарнигорӣ дар Эронро нахоҳад дошт.

Падари Роксана – Ризо Собирӣ имрӯз дар Теҳрон ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди ду ҳафта гуруснанишинии эътирозӣ дар зиндони Эвин, духтараш солим ба назар мерасад.

Собирӣ дар моҳи январ ҳангоми харидории машрубот боздошт гардида, ибтидо ба фаъолияти ғайримуҷози хабарнигорӣ ва дар ниҳоят ба ҷосусӣ айбдор шуд.Вазорати умури хориҷии Амрико ин иттиҳомотро бебунёд хонда, раҳоии Роксана Собириро тақозо мекард. Сарнавишти Собирӣ, ки модараш ҷопонист, ҳафтаи гузашта зимни боздиди вазири хориҷаи Ҷопон Ҳирофумӣ Накасонэ аз Теҳрон дар мулоқотҳои ӯ бо раҳбарони Эрон низ матраҳ шуда буд.

Дар нахустин вокуниш, созмони "Хабарнигорони бидуни марз", мақараш дар Порис, аз ин тасмими додгоҳи Эрон истиқбол кардааст. Ризо Муинӣ, як намояндаи ин гурӯҳи мудофеъи озодии матбуот, гуфт, ки онҳо додгоҳро қабул надоранд, вале аз озодии Собирӣ истиқбол мекунанд ва умедворанд, ки боқӣ журналистони дар Эрон зиндонишуда низ озод карда хоҳанд шуд.


XS
SM
MD
LG