Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуруснанишинӣ дар "Зарнисор" бас шуд


Лаҳзае аз музокироти мақомот бо гуруснанишинони бозори "Зарнисор"

Лаҳзае аз музокироти мақомот бо гуруснанишинони бозори "Зарнисор"

Соҳибкорони бозори «Зарнисор»-и шаҳри Душанбе мегӯянд, мақомот ба онҳо ваъда супурдаанд, ки рӯзи сешанбе тақозои онҳоро барасӣ хоҳанд кард.

Вакили дифоъи масъулини ин бозор, ки тоҷирони он гуруснанишиниро муваққатан қатъ кардаанд, гуфт, ин соҳибкорон то рӯзи чоршанбе интизори посухи мақомот хоҳанд нишаст. Ва дар сурати посухи мусбат дарёфт накардан, аз таърихи 13 май иқдоми гурусн нишинии худро аз сар хоҳанд гирифт. Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи масъулини бозори «Зарнисор» мегӯяд, мақомоти шаҳрдорӣ тавассути ниҳодҳои дигар, аз ҷумла раёсати корҳои дохилӣ ва сардори он ба гуруснанишинон ва соҳибмулкони «Зарнисор» даъда додаанд, ки то рӯзи чоршанбе масъалаи онҳоро баррасӣ мекунанд ва посух хоҳанд гуфт.

Ҷамъе аз соҳибкорони бозори «Зарнисор» дар канори ғарбии пойтахи Тоҷикистон ба нишони эътироз аз қарори додгоҳи иқтисодӣ дар мавриди тахриби сохтмони ин бозор аз 6 то 9 май даст ба гуруснанишинӣ заданд. Ин соҳибкорон пешниҳоди мақомотро дар мавриди ба тиҷорат машғул шудан дар бозорҳои дигари пойтахт напазируфтанд. Зеро, мегӯянд онҳо, ҷой барои фурӯши маҳсулотро дар ин бозор харидорӣ кардаанд ва дар сурати ба бозори дигар рафтан маҷбуранд боз ҳам маблағе барои ҷойи савдо пардохт кунанд Аз сӯи дигар, иддо доранд ин тоҷирон, бино бар баста шудани ин бозор қарзҳои хурдеро, ки барои пешбурди тиҷорат аз бонкҳо дарёфт карда буданд, натавонистаанд пас бигардонанд ва дарсади ин қарзҳо афзудааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе ҳуқуқдонҳо мегӯянд, гуруснанишинӣ навъи эътирози ҳуқуқӣ нест ва дар қонун сухане дар мавриди чунин эътироз гуфта нашудааст. Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, агарчанд мисли корпартоӣ ва тазоҳурот дар қонунҳо сухане аз гуруснанишинӣ нест, аммо ин иқдом нақзи қонун низ маҳсуб намешавад ва пайомади ҳуқуқӣ надорад. Танҳо василаи ҷалби таваҷҷӯҳи мақомот ва ҷомеъа мебошад ва дар айни замон охирин иқдомест, ки гирифторони мушкил ба он даст мезананд. Оқои Ибодов мегӯяд, дар мавриде, ки мо шоҳидаш ҳастем, гуруснашинӣ маънои амал накардани қонун ва ё номукаммал будани онро дорад.

Бархе коршиносони дигар мегӯянд, агарчанд қонугузории тиҷорати худу миёна ба такмил ниёз дорад, то битавонад ин бахши иқтисодро дуруст танзим кунад, аммо боз ҳам, мегӯянд онҳо, иҷро ва ё адами иҷрои қонунҳо дар ҷомеъаҳое назири Тоҷикистон бештар ба омилҳои инсонӣ вобаста мебошад, то ин ки ба худи қонунҳо. Яъне мақомот ё ашхоси ҷудогона дар аксар маврид боис мешаванд, ки қонун иҷро нашавад. Вале ҳамчунон барои чунин иқдом касе муҷозот намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Қурдатов вакили дифоъи соҳибкорон мегӯяд, ин муътаризон мақомотро аз қасди худ дар сурати иҷро нашудани талабҳояшон огоҳ кардаанд, ки мехоҳанд рӯзи 24 май дар майдони назди боғи ба номи Мироненко гирдиҳамоӣ ташкил кунанд. Аммо ин масъала ваобаста ба он хоҳад буд, ки мақомот то рӯзи чаҳоршанбе чӣ посухе ба тақозои даъвогарон хоҳанд дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG