Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Душанбе аз эъломияи Карзай ва Зардорӣ


Мулоқоти Ҳомиди Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ бо Роберт Золлик, мудири Бонки ҷаҳонӣ

Мулоқоти Ҳомиди Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ бо Роберт Золлик, мудири Бонки ҷаҳонӣ

Тоҷикистон аз эъломияи муштараки президентҳои Афғонистону Покистон дар мавриди эҳдоси хатти баландшиддати барқ дар минтақа истиқбол кард.

8-уми май дар Вашингтон Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон ва ҳамтои покистониаш Осиф Алӣ Зардорӣ тайи як эъломияи муштарак аз пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди эҳдоси хати баландшиддати барқ дар минтақа, ки барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Кобулу шимолу ғарби Покистон интиқол хоҳад дод, ҷонибдорӣ карданд.

Ин эъломияи муштарак баъд аз мулоқоти сарони Афғонистону Покистон бо Роберт Зеллик, райиси Бонки ҷаҳонӣ садо дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин эъломияро хуш пазируфт ва коршиносон мегӯянд, эъломия як навъ пуштибонии Покистону Афғонистон аз тарҳҳои энержии Тоҷикистону Қирғизистон аст.

Давлат Назриев, сухангӯйи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, худи тарҳи хати интиқоли барқ ва ҷонибдории Покистону Афғонистон аз он бори дигар бозгӯӣ аз воқеӣ будани тарҳҳои энержии Тоҷикистону Қирғизистон мекунад. Оқои Назриев афзуд, барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷуз рушди худи кишварҳо, ҳамчунин ба тақвияти кӯшишҳои ҷомеаи байнулмилалӣ ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва рушди иқтисоди Афғонистон ва камбуди барқ дар шимолу ғарби Покистон мусоидат хоҳад кард.

Тарҳи эҳдоси хатти баландшиддати барқ мавсум ба СASA-1000, ки бояд барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Покистону Афғонистон интиқол диҳад, аввалин тарҳи барномаи Бозори энержии минтақавии Осиёи Марказӣ ё CASAREM аст, ки аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод шуда, 680 млн. доллар ҳазина дорад.

Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ, ин тарҳ сохтани зерсохторҳои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро дарбар мегирад. Ин зерсохторҳо иборатанд аз хатти барқи доимии баландшидатти 500 кВт аз Тоҷикистон ба Покистон тариқи Афғонистон, хати барқи тағйирёбанда аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва зеристгоҳҳои барқӣ дар Кобул, Пешовар ва Сангтӯда.

Тарҳро Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд пуштибонӣ мекунанд. Дар навбати худ бо мусоидати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ кишварҳои зидахли тарҳи СASA-1000 – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон метавонанд аз Анҷумани байнулмилалии рушд, Бонки байнулмилалии таҷдид ва рушд сармоя қарз бигиранд. Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ дар тарҳ бо ниҳодҳои вижаи худ ширкат мекунад.

Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзҳои 13–14-уми май дар Исломобод конфронси байнулмилалии бахшида ба рушди иқтисодии Афғонистон интизор меравад Созишномаи муштараки чор кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон - дар мавриди рушди муштарак имзо шавад, ки тарҳи СASA 1000 – сохтмони хатти баландшиддати барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро низ дарбар мегирад.

Коршиносон мегӯянд, пуштибонии Афғонистону Покистон аз ин тарҳи пешниҳодии Амрико дастгирии рӯйрости тарҳҳои энержии Тоҷикистону Қирғизистон аст. Григорий Петров, коршинос дар умури энержӣ, мегӯяд, агар нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбарота–1 дар назар набошанд, иҷрои тарҳи СASA 1000 низ маънӣ надорад:

«Хатти интиқоли барқ сермасраф аст. Ин ҳам лӯлаи нафтро мемонад. Агар онро бо нафт пур накунӣ, хароҷоташро намепӯшонад. Агар мо ҳам тариқи СASA-1000 фақат барқи тобистонаро хоҳем интиқол диҳем, ин беш аз 1,5 миллиард кВт соатро ташкил медиҳад. Аммо барои пур кардани хат 10-15 миллиард кВт/соат зарур аст. Агар ин миқдор набошад, хароҷоташ ҳам пӯшида намешавад. Яъне мо кам фоида мебинем. Касе ба ин гуна тарҳ сармоя ҳам намегузорад».

Коршиносон мегӯянд, изҳороти муштараки сарварони Покистону Афғонистон аз пешниҳоди Амрико дар мавриди тарҳи СASA-1000 бидуни баҳс мавқеъи Тоҷикистону Қирғизистонро дар баҳсҳои оби минтақа тақвият медиҳад. Онҳо мегӯянд, аз ин ба баъд ин баҳсҳо ба марҳалаи навин ворид мешаванд, баҳсе, ки чеҳраи ширкатдоронаш рӯшантар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG