Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси сиёсати "дарҳои боз" дар Осиёи Марказӣ


Имрӯз ширкаткунандагони як ҳамоиш дар Душанбе, ки масъалаи бисёрқутбӣ дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро баҳс мекарданд, гуфтанд, ки ин сиёсат омили аслии ҳифзи манофеи миллии кишварҳои минтақа маҳсуб мешавад.

Ин ҳамоиш бо пуштибонии Бунёди олмонии Фридрих Эберт дар Тоҷикистон ва маркази тадқиқоти стротегии назди раёсати ҷумҳурbи Тоҷикистон баргузор шуда, аксари ширкаткунандагон аз сиёсати дарҳои бози ҳукумати Тоҷикистон дар ин авохир пуштибонӣ намуданд. Вале ҳам назарҳо дар мавриди пойбанд будани самтгирии сиёсати хориҷии Тоҷикистон изҳор шуд, ки онро ба заъфи иқтисоди кишвар ва ниёзмандиҳоии иҷтимоии давлати Тоҷикистон марбут донистанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари дорои захоири ғании сарватҳои табиии Осиёи Марказӣ бо истифода аз сиёсати бисёрқутбии хориҷии худ ҳанӯз дар ин бахши иқтисод бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳамкории қобили мулоҳиза надоштааст. Аммо таъкид гардид, ки дар ин авохир тавсеаи равобит бо Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои наздибалтик ва бархе кишварҳои исломӣ далели рушди бисёрқутбӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG