Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Саакашвилӣ бо мухолифин анҷом ёфт


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ имрӯз бо раҳбарони мухолифин мулоқот кард. Дар ин мулоқот, ки баъд аз як моҳи эътирозҳои давомдор дар кӯчаҳои Тифлис ба хотири анҷоми ихтилофоти сиёсӣ доир шуд, раиси парлумон Давид Бакрадзе низ ширкат варзид. Мухолифинро дар мулоқот вазири пешини умури хориҷӣ Саломэ Зурабишвилӣ, сафири собиқи Гурҷистон дар СММ Ираклий Алазания, номзади собиқ ба мақоми президентӣ Левон Гачечиладзе ва раҳбари ҳизби ҳамоиши миллӣ Каха Шартава намояндагӣ мекарданд.
Ҳазорон тан аз тарафдорони мухолифин аз рӯзи 9 апрел ба ин тараф дар Тифлис бо талаби истеъфои Саакашвилӣ тазоҳурот мекунанд. Аммо Саакашвилӣ гуфтааст, то поёни ин давраи раёсаташ, яъне то соли 2013 дар мақомаш хоҳад монд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG