Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиатномаи рӯзноманигорон ба порламони Тоҷикистон


Гурӯҳе аз хабарнигорони тоҷик дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар муроҷиатномаи худ ба Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон аз онҳо дархост кардаанд, ки мавқеи рӯзноманигорони Тоҷикистонро дар атрофи таҳияи тарҳо қонун “Дар бораи воситаҳои ахбори омма" мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Дар муроҷиатномаи рӯзноманигорон омадааст, гарчӣ ин тарҳ дар муқоиса бо қонуни кунунии “воситаҳои ахбори омма" бартариҳо дорад, аммо аз камбудҳо холӣ нест. Аз ҷумла, кормандони расонаҳо дар муроҷиатномаи худ аз вакилони Маҷлиси Намояндагон хостаанд, ки дар мавриди ҷуброни зиёни маънавӣ дар тарҳи қонуни "воситаҳои ахбори омма" таҷдиди назар сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG