Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши НАНСМИТ дар бораи озодии баён дар Тоҷикистон


Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ гуфтааст, ки мизони озодии матбуот дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон дар чаҳор моҳи гузашта, 84 мавриди марбут ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро сабт кардааст, ки 34 ҳолати он аз нақзи ҳуқуқи журналистон ҳикоят мекунад. Бар асоси гузориши тозаи ин созмон, баъзе аз раҳбарони идораҳои давлатӣ аз хабарнигорон тақозо намудаанд, ки барои гирифтани иттилоъ аввал иҷозаи мақомоти сатҳи болоиро дарёфт кунанд. НАНСМИТ бо ишора ба ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва мушкили дастрасӣ ба иттилоъ гуфтааст, ки дар чаҳор моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ҷараёни поинравии сатҳи озодии баён дар кишвар ба мушоҳида расидааст. Дар гузориши ин созмон намунаҳое аз нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва нақзи озодии баён дар Тоҷикистон оварда шудааст. НАНСМИТ гузориши худро дар робита бо Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ба нашр расондааст.
XS
SM
MD
LG