Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз нахустин ҷаласаи Евронест баргузор мешавад


Қарор аст имрӯз дар Бруссел нахустин ҷаласаи порламони Аврупо дар чаҳорчӯбаи Ҳамкории Шарқ ё Евронест баргузор шавад. Дар он намояндагони порламонҳои Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистону Молдова ва Украина ширкат хоҳанд кард. Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки ба таври муваққат ширкати Беларус дар Евронестро боздорад. Чунин тасмим ба нишонаи эътироз алайҳи режими Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури ин кишвар гирифта шудааст, ки тазоҳуроти мухолифонро хашинона саркӯб кард. Онҳо ба нишонаи эътироз бар зидди тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи моҳи декабри раёсати ҷумҳурӣ даст ба тазоҳурот зада буданд.
XS
SM
MD
LG