Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов


Наҷмиддинов Сафаралӣ Маҳсудинович 20-уми ноябри соли 1951 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро ба сифати муҳосиб-ревизори калони идораи марказии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъд ҳамчун муовини сардор, сардори шӯъбаи молияи назоратию тафтишотии саридораи корҳои ҳисоббарории идораи мазкур, сардори шӯъбаи назоратию тафтишотии Идораи савдои комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе, сардори Идораи баҳисобгирии булгатерӣ ва корҳои назоратию тафтишотии Вазорати савдо ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1993-2000 ба сифати муовини Вазири савдо ва захираҳои моддӣ, муовини Раиси Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.Солҳои 2000-2006 дар вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бо ордени Шараф дараҷаи 1 мукофотонида шудааст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2006 аз нав Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва то ҳол дар ин симат фаъолият дорад.
XS
SM
MD
LG