Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон


Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон
Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон

Сафири Амрико дар Душанбе вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро "нигаронкунанда" хондааст.

Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Душанбе гуфта, ки аз боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" дар Ашт, мушкили ҳафтаномаи “Пайкон” ва ба додгоҳ кашида шудани хабарнигори "Имрӯз нюс", Мирзомуроди Бозор, нигаронанд.

Сафири Амрико афзудааст, "мо рӯйдодҳои марбути ин парвандаҳоро бодиққат мушоҳида менамоем ва
Изҳори озоди нуқтаҳои назари мухталиф мамлакатро нерӯмандтар мегардонад ва қадами нахустини ноилшавӣ ба ризоият аст...
уммед дорем, ки дӯстони мо дар ҳукумати Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки воситаҳои мустақили ахбори омма дар ҷомеаи солиму демократӣ нақши муҳимро мебозанд."


Бо ин ҳол, ба гуфтаи Кеннет Гросс сафорати Амрико дар Душанбе барои рушди воситаҳои ахбори мустақил талош мекунад.

"Мо мушоҳида намудем, ки бесуботӣ бештар на аз озодии аз ҳад зиёд, балки аз озодии аз ҳад маҳдуд маншаъ мегирад. Изҳори озоди нуқтаҳои назари мухталиф мамлакатро нерӯмандтар мегардонад ва қадами нахустини ноилшавӣ ба ризоият аст",-омадааст дар изҳороти сафири Амрико дар Тоҷикистон.

МАВРИДҲОИ НАҚЗИ ҲУҚУҚИ ХАБАРНИГОРОН

Ин дар ҳолест, ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ ҳам гуфта, ки мизони озодии баён дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон дар чаҳор моҳи гузашта, 84 мавриди
НАНСМИТ аз он нигаронӣ кардааст, ки хабарнигори “Нури зиндагӣ” дар Ашт аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад ва баҳси парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ҳанӯз идома дорад...
марбут ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро сабт кардааст, ки 34 ҳолати он аз нақзи ҳуқуқи журналистон ҳикоят мекунад.

Ҳамчунин, се ҳолати муттаҳам кардани нашрияҳо барои таҳқиру тавҳини афроди алоҳида ва ҳафт ҳолати мушкили дастрасӣ ба иттилоъ низ қайд шудааст.

Бино ба гузориши тозаи НАНСМИТ, дар пайи мушкили дастрасӣ ба иттилоъ аввалин бор Зафар Абдуллоев, сардабири нашрияи “Факты и комментарии” ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз болои ширкати мобилии “Bаbilon-M” ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” шикоят бурдааст.

МУШКИЛИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛОЪ

Дар ин муддат додгоҳи шаҳри Душанбе низ баррасии шикояти ҳафтаномаи "Миллат" аз болои ҳалномаи Додгоҳи Фирдавсиро баррасӣ ва онро бидуни тағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нашрияи мустақили "Миллат"-ро барои пардохтани якуним ҳазор сомонӣ товон ба Вазорати кишоварзӣ муваззаф карда буд.
Аммо ҳамчуноне ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақил навиштааст, додраси додгоҳи Шоҳмансур аз баррасии шикояти ҷаноби Абдуллоев худдорӣ намуда ва гуфтааст, ки ин масъалаҳо бояд дар Додгоҳи иқтисодӣ баррасӣ шавад.

НАНСМИТ мегӯяд, ҳанӯз ҳам мақомдорони давлатӣ бо баҳонаҳои мухталиф аз додани иттилоъ худдорӣ меварзанд. Бар асоси гузориши тозаи ин созмон, баъзе аз раҳбарони идораҳои давлатӣ аз хабарнигорон тақозо намудаанд, ки барои гирифтани иттилоъ аввал иҷозаи мақомоти сатҳи болоиро дарётфт кунанд.

САРНАВИШТИ ХАБАРНИГОРИ "НУРИ ЗИНДАГӢ"


Дар ин гузориш аз боздошту нигаҳдории хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов низ нигаронӣ шудааст. НАНСМИТ аз он изҳори ташвиш кардааст, ки хабарнигори “Нури зиндагӣ” дар Ашт, Муҳаммадюсуф Исмоилов, аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад ва баҳси парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ҳанӯз идома дорад.

Додситонии ноҳияи Ашт хабарнигори “Нури зиндагӣ”, Муҳаммадюсуф Исмоиловро барои таҳқиру таҳвин ва барангехтани кинаву хусумати милливу мазҳабӣ мутаҳам мешуморад.

Анвар Тағоймуродов
Инчунин, дар ин гузориш аз баҳси додгоҳии Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилӣ бо нашрияи “Азия-Плюс” ёдоварӣ шудааст.

Анвар Тағоймуродов ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз болои мақолаи Рамзия Мирзобекова шикоят бурда ва гуфтааст, ки дар ин матлаб ӯ таҳқиру тавҳин шудааст. Вай аз додгоҳ хоста, ки нашрияи “Азия-Плюс” як миллион сомонӣ товон пардозад.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ бо ишора ба ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва мушкили дастрасӣ ба иттилоъ гуфтааст, ки дар чаҳор моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ҷараёни поинравии сатҳи озодии баён дар кишвар ба мушоҳида расидааст.
XS
SM
MD
LG