Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани бин Лодин дар Покистон, суолҳоеро дар заминаи эътимоди ИМА ба Исломобод ба бор овард.

Хабари ин ки Усома бин Лодин дар як шаҳри наздик ба пойтахти Покистон, ҳамагӣ чанд метр дуртар аз Академияи низомии давлатӣ кушта шуд, бори
Ҳомид Карзай бидуни гирифтани исми Покистон гуфт, ки кушта шудани террористи рақами аввал дар хоки ҳамсояи шарқиаш бори дигар дурустии ин ҳарфҳоро тасдиқ мекунад, ки Ғарб бояд бо терроризм дар паноҳгоҳҳои онҳо мубориза барад...
дигари Исломободро дар як ҳолати баҳсбарангез қарор дод, ки то куҷо муборизаҳои ин кишвар бо ифротгароиву терроризм самимӣ ва воқеӣ ҳастанд.

Субҳи барвақти рӯзи дуюми майи соли 2011 тақрибан даҳ соли шикори нафаре, ки ҳукумати Амрико ба ӯ лақаби "террористи рақами аввал"-ро дода буд, хотима ёфт.

Гурӯҳи низомиёни амрикоӣ бин Лодинро на дар минтақаи наздик ба марзи Афғонистону Покистон, балки дар шаҳри бузурги Абботобод, ки дар 60-километрии шимоли Исломобод ҷойгир аст, нобуд карданд.

ШУБҲАҲО БЕДОР МЕШАВАНД...

Ин амалиёти низомӣ бидуни огоҳии пешакии ҳукумати Покистон анҷом шуд ва бори дигар суолҳоеро дар заминаи эътимоди ИМА ба шарики деринаи стратегиаш дар ҷанги зиддитеррор ба бор овард.

Фарзона Шайх, як коршиноси умури Покистон дар маркази таҳлилии Чатман Ҳаузи Лондон мегӯяд, он ки амрикоиҳо ҷониби покистониро аз пеш дар бораи ин амалиёт огоҳ накарданд, маънои хеле амиқ дорад.

Бо ёдоварӣ аз ҳодисаи интиқоди вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки моҳи июли соли гузашта Покистонро дар пинҳон кардани маълумот оид ба будубоши бин Лодин муттаҳам карда буд, хонум Шайх гуфт, ки сухан дар адами амиқи эътимод дар миёни ду муттафиқи пешин аст.

Вай афзуд, "ин ҳолат ҳамакнун вазъиятро бечуну чаро боз ҳам бештар машкук мекунад. Илова ба ин, шубҳаи онҳоеро, ки метарсиданд Покистон як кишвари мушкилзо буда, бахусус низомиён ва хадамоти иктишофиаш хеле печида буда, аз бин Лодин ҳимоя мекунанд, тасдиқ мекунад."



ИСТИҚБОЛИ ПОКИСТОН

Расман мақомоти Покистон дар робита бо ҳодисаи ошкор ва кушта шудани бин Лодин изҳори хушҳолӣ карданд. Изҳороти вазорати умури хориҷии Покистон ҳокист, ки “қатли Усома бин Лодин баёнгари азми қотеи ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла Покистон дар амри мубориза ва нобудсозии терроризм аст."

Вале дар сӯҳбат бо "Озодӣ" генерали собиқи покистонӣ Саъд Муҳаммад гуфт, ин ҳодиса эътимоди Ғарбро ба Покистон дар оянда ба ҳам мезанад ва андешаи вуҷуди муносибати духӯраи Исломобод ба мубориза бо ифротгароӣ ҳамеша пеши назари онҳо хоҳад буд.

Муҳаммад гуфт, вақте Обама аз мақомоти Покистон маҳалли буду боши бин Лодинро суол мекард, Исломобод вонамуд кард, ки дар ин бора иттилое надорад: "Агар Покистон дар бораи маҳалли будубоши ӯ иттилоъ надошта бошад, пас ин аломати бад аст. Ин масъала аллакай суолҳоеро дар заминаи тавонмандиҳои оҷонсиҳои истихборотии Покистон эҷод мекунад. Магар мумкин аст, ки дар бораи ҳузури нафаре иттилоъ надошта бошӣ, ки дар як маҳаллаи наздик ба горнизони низомӣ зиндагӣ дошта бошад?"

ИЗҲОРОТИ ҲИНДУ АФҒОНИСТОН

Ҳомид Карзай ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон
Сокинони мулкӣ ва ҳам раҳбарони низомии Покистон дар давоми ин даҳ соли охир маҳалли буду боши бин Лодинро пинҳон нигоҳ медоштанд ва акнун ҳодисаи куштори ӯ дар қаламрави Покистон пеш аз ҳама эътимодро ба ин минтақа зери суол мебарад.

Раҳбарони ду кишвари ҳамсоя - Афғонистон ва Ҳинд қатли бин Лодинро чун шаҳодати интиқодҳои тӯлонимуддати онҳо аз Исломобод ба унвони давлати паноҳгоҳи террористон маҳкум карданд. Дар Кобул Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон бидуни гирифтани номи Покистон гуфт, ки куштори террористи рақами аввал дар хоки ҳамсояи шарқиаш бори дигар дурустии ин ҳарфҳоро тасдиқ мекунад, ки Ғарб бояд бо терроризм дар паноҳгоҳҳои онҳо мубориза барад.

ҲАНӮЗ ПОЁНИ КОР НЕСТ?

Аҳмад Рашид, коршиноси умури терроризм гуфт, ки куштори Бин Лодин дафъатан паёмадҳоеро дар Покистон, Ҳинд ва Афғонистон хоҳад дошт. Вай гуфт, ки Ал-Қоида ва дигар созмонҳои ҳамсони террористӣ метавонанд ҳадафи ин кишварҳо ва ҳамчунин нерӯҳои хориҷиро ҳадаф қарор бидиҳанд.

Ҳоло гурӯҳҳое мисли Лашкари Таййиба метавонад дубора Ҳиндро ҳадаф қарор диҳад, то ки таваҷҷӯҳро аз маҳалҳои калидии Покистону Афғонистон ба худ бикашад.

Вай ҳамчунин аз эҳтимоли сар задани таҳдидҳои террористӣ дар хоки Аврупову Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG