Пайвандҳои дастрасӣ

WikiLeaks:Тоҷикистон аз ҳузури бин Лодин ҳушдор дода буд


Матбуоти Ғарб ба нақл аз торнамои ифшогари Викиликс гуфтааст, ҳанӯз дар соли 2009 мақомоти Тоҷикистон ошкоро ба Иёлоти Муттаҳида изҳор доштаанд, ки Покистон аз Усома бин Лодин ҳимоят мекунад. Афсари аршади Кумитаи амнияти Тоҷикистон, генерал Абдулло Назаров дар дидор бо мақомоти амрикоӣ гуфтааст, бисёриҳо дар дохили Покистон дар куҷо будани бин Лодинро медонанд, вале ҳангоме ки амалиёти боздошти ӯ тарҳрезӣ мешавад, вай аз ин тарҳ огаҳӣ ёфта, ҷои худро иваз мекунад. Генерал Назаров гуфтааст, бин Лодин дар Вазиристони Шимолӣ пинҳон мебошад
XS
SM
MD
LG