Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ҳам аз қатли бин Лодин истиқбол кард


Чин аз хабари қатли Усома бин Лодин истиқбол кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин гуфт, «рейди Иёлоти Муттаҳида ба ҳавлие дар Покистон, ки бар асари он террористи мавриди пайгарди ҷаҳонӣ кушта шуд, як рӯйдоди мусбат дар муборизаи байнулмилалии зидди терроризм аст.» Вай изофа кард, ки Чин низ аз қурбониёни терроризм мебошад. Ин ишорае буд ба ҷудоихоҳони пархошҷӯ дар вилояти ғарбии Шинҷону Уйғури Чин, ки гумон меравад, аз пуштибонии тундравони хориҷӣ бархӯрдоранд.
XS
SM
MD
LG