Пайвандҳои дастрасӣ

Тангнои озодии матбуот дар ҷаҳон


Тазоҳуроти журналистон дар Бошқирдистон, Уфа, 23-юми апрели соли 2011.

Тазоҳуроти журналистон дар Бошқирдистон, Уфа, 23-юми апрели соли 2011.

Созмони “Хонаи озодӣ” мегӯяд, озодии матбуот дар даҳи соли охир ба поинтарин нуқтаи коҳиш расидааст.

Дар гузориши нави ин ниҳод бо номи “Озодии матбуот -2011: Нигориши ҷаҳонии озодии расонаҳо” гуфта мешавад, танҳо як нафар аз шаш сокини сайёра дар кишваре ба сар мебарад, ки расонаҳои хабарии озод дорад.
Дар феҳрасти созмони “Хонаи озодӣ” Русия, Қазоқистон, Арманистон, Покистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон “ноозод” номида шудаанд...

Ин гузориш дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ба нашр расид ва дар он аз коҳиши ҷиддии ин озодӣ дар чандин кишвар, аз ҷумла Миср, Маҷористон., Мексик, Туркия ва Украина изҳори нигаронӣ шудааст.

Сардабири гузориш. Карин Карлелар мегӯяд, даҳ кишвари асосии душмани озодии матбуот инҳоянд: Беларус, Туркманистон, Узбакистон, Эрон, Бирма, Куба, Гвинеяи Экваторӣ, Эритрея, Либия ва Кореяи Шимолӣ.

Хонуми Карлелар мегӯяд: “Дар ин кишварҳо, ки дар саросари ҷаҳон парешонанд, матбуоти озод ё вуҷуд надорад ва ё аҳёнан метавонад фаъолият кунад. Матбуот дар ин ҷо ба ҳайси баландгӯяки режим хидмат мекунад, шаҳрвандон ба иттилои бетарафона дастрасии маҳдуд доранд ва дигарандешӣ ба воситаи маҳбас, шиканҷа ва дигар анвои таъқиби шадид муҷозот мешавад.”

Дар феҳрасти созмони “Хонаи озодӣ” ба сурати умум 63 кишвар “ноозод” номида шудаанд, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Арманистон, Покистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон.

Матбуот дар 65 кишвари дигар “қисман озод” аст. Инҳо, аз ҷумла Сербия, Монтенегро, Хорватия, Руминия, Боснӣ-Ҳерзегувин, Мақдуния, Косово, Молдова ва Украина.

Ба сурати умум аз 196 кишвар ва қаламрав, бино ба пажӯҳишҳои соли 2010, ҳамагӣ 68 кишвар “озод” дониста шуданд. Аммо дар гузориш гуфта мешавад, ки тамоюли куллӣ дар саросари ҷаҳон ба сӯи коҳиши озодии матбуот аст, ки наметавонад, нигаронкунанда набошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG