Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе амиқтар ба амалиёти қатли бин Лодин


Акс аз видеое, ки дар даруни манзили бин Лодин гирифта шудааст.
Акс аз видеое, ки дар даруни манзили бин Лодин гирифта шудааст.

Ифшо шудани як ном дар чаҳор соли пеш бо ҳалокати раҳбари Ал Қоида Усома бин Лодин сабаб гардид.

То ҳол ғолибан дар бораи кушта шудани Усома бин Лодин хабар дода мешавад, вале тафсилоти он ки чӣ тавр макони будубоши ӯ ошкор шуд ва амалиёт чӣ гуна ҷараён гирифт,
Ман омодаам баҳс кунам, ки танҳо чанд кишвар, он ҳам агар тавонанд, қодиранд чунин амалиётеро анҷом диҳанд...
иттилои зиёде дастрас набудааст.

Акнун бо пайдо шудани маълумоти бештар ин мавзӯъ метавонад, рӯшантар шавад.

ЯК ТИР БА САР


Ба сӯи бин Лодин ҳамагӣ 1 тир паронда шудааст. Як тире, ки моҳҳои дарози ҷустуҷӯ ва гирдоварии маълумотро ҷамъбаст кард. Ин талошҳо, ба гуфтаи кормандони хадамоти амниятии Иёлоти Муттаҳида замоне ба авҷ расид, ки номи хаткашони бин Лодин ба онҳо маълум шуд.

Ин шахсе буд, ки сарвари ал-Қоида ҳамаи равобити худро бо ҷаҳони беруна ба воситаи ӯ анҷом медод, зеро қарор шуда буд, ки дар паногоҳи ӯ аз воситаҳои электронии робита истифода нашавад.

Хаткашон касе буд, ки гуфта мешавад, зери ҳимояти Холид Шайх Муҳаммад, тарроҳи худхондаи ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001, қарор дошт.

Майк Роҷерс, раиси Кумитаи истихборотии Маҷлиси намояндагони Амрико мегӯяд, бозпурсии як боздоштшуда иттилоеро ба бор овард, ки таваҷҷӯҳи мақомоти Амрикоро ба ҳавлие дар Абботобод, 60-километрии шимоли Исломобод ҷалб намуд. Вале ӯ аз дастгоҳи истихборотии Иёлоти Муттаҳида ситоиш кард, ки ҳамаи иттилоъро бо ҳам васл карданд.

Роҷерс мегӯяд, “Вақте шумо ба кори заргаронаи таҳлилгарон, тарроҳони амалиёт, кормандони Идораи марказии кашф, мардуми Бунгоҳи миллии амният менигаред, мебинед, ки онҳо тиккаҳои хурди иттилоъ, порчаҳои муҳимеро ба як ҷо канори ҳам мегузоранд ва нақши ҳалқаро мекашанд, мефаҳмед, ки ин як амалиёти боварнакарданӣ буд. Ман омодаам баҳс кунам, ки танҳо чанд кишвар, он ҳам агар тавонанд, қодиранд чунин амалиётеро анҷом диҳанд.”

Афсарони хадамоти ҷосусии Амрико дар ин бора маълумоти бештаре доданд, вале ҳамаи онҳо бо назардошти ҳассосияти масъала ба шарти пинҳон мондани номашон сӯҳбат карданд.

Онҳо мегӯянд, ҳарчанд номи хаткашонро дар соли 2007 фаҳмиданд, то соли 2009 натавонистанд, макони ҷуғрофии наздик ба Исломободро муайян намоянд. Моҳи августи соли 2010 онҳо ин маконро ошкор карданд ва ба омӯхтани он пардохтанд.

ВИЛЛАИ БИН ЛОДИН


Бинои сеошёна деворҳои дар ҷое чаҳор ва ҷои дигар шашметрӣ дошт. Сари девор симхор кашида шуда буд. Диққати таҳлилгаронро девори дунимметрае, ки балкони хонаро мепӯшонд, ба худ кашид. Ягон сими телефон ё хатти интернет ба ин хона васл набуд ва соҳибонаш партовҳои худро берун намеандохтанд.

Як мақоми аршади ҳукумати Амрико мегӯяд, чархиши куллӣ дар фароянд замоне ба вуқӯъ пайваст, ки маълум шуд, хаткашоне, ки ду сол ба ин сӯ ӯро пайгирӣ мекарданд, дар ин ҳавлӣ ба сар мебарад. Ин иттилоъ имкон дод, ки ҳувияти соҳиби хона ҳадс зада шавад.

Мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида, Ҷон Бренан рӯзи душанбе гуфт, ҳанӯз пеш аз ошкор шудани вилла таҳлилгарони истихборотӣ ин мавзӯъро ҳам баррасӣ карданд, ки мумкин аст, бин Лодин на дар ғоре дар кӯҳистон, балки дар шаҳре дар ҳамворӣ пинҳон шавад. Вале Покистон як кишвари калон аст, афзуд ӯ, ва дар ниҳояти амр, на ҳадсу гумон, балки порчаи хурди иттилоъ мақомотро ба самти виллаи раҳбари Ал Қоида дар канораи шаҳр равона сохт.

"Бар пояи иттилои умумие, ки мо дар бораи он хаткашонҳо ва афроди миёнарави бин Лодин ба даст овардем, бо гузашти замон тавонистем, маълумоти иловагиро канори ҳам гузорем. Ном, дақиқтараш тахаллуси ӯро, дертар бо номи ҳақиқияш қиёс кардем ва сипас порчаҳои дигари маълумотро васл намуда, роҳи ин ҳавлиро дар Аббутобод ёфтем.”

Моҳи сентябри соли гузашта мақомоти Идораи марказии кашф ба эҳтимоли қавии дар дохили ин бино будани бин Лодин бовар карданд. Онҳо мегӯянд, бар инанд, ки виллаи мазкур дар соли 2005 маҳз бо мақсади дар ин ҷо пинҳон кардани бин Лодин сохта шудааст. Он ҳам дар ҳоле ки раҳбари Ал Қоида тавонист, дар соли 2001 дар набарди Тора Бора аз нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида фирор кунад.

ТАСМИМИ ТАХМИНИИ ОБАМА


Дар моҳи феврал, пас аз чанд моҳи дигари ҷамъоварӣ ва озмоиши иттилоъ, мақомоти иктишофӣ ва мушовирони ҳарбии Кохи Сафед ба натиҷа расиданд, ки эҳтимолан онҳо бин Лодинро ёфтаанд ва бояд дар ин бора ба Обама хабар диҳанд. Обама аз талҳилгарон ҳимоят кард ва ба гуфтаи намояндагони аршади ҳукумат ба “ҷараёни тунди амалиёти минбаъда” иҷоза дод.

Мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида, Ҷон Бренан мегӯяд: “Ягон иттилое набуд, ки дар ҳамин ҷо пинҳон будани бин Лодинро тасдиқ кунад. Биноан, вақте ки президент Обама бо имконияти интихоб рӯбарӯ буд, ки оё даст ба амал занад ё на, вай иттилои расидаро таҳлил кард ва, ба назари ман, қадами ҷасуронае ниҳод, ки ягон президент ба фикри ман, ахиран, нагузоштааст.”

Обама ба корбурди Нерӯҳои амалиёти вижаи Иёлоти Муттаҳида дар ин тарҳ рӯзи 19-уми апрел расман иҷоза дод.

БЕХАБАРИИ ПОКИСТОН


Ин шояд пайти мантиқие буд, ки Вошингтон аз нақшаи хеш ҳукумати Покистонро дар ҷараён гузорад. Вале амалиёти комилан сиррӣ буд ва Исломобод аз он хабаре надошт. Бренен мегӯяд, амрикоиҳои “бо мақомоти покистонӣ то замоне ки ҳамаи афродашон ва ҳамаи ҳавопаймоҳояшон аз ҳарими ҳавоии Покистон берун нашуданд, тамос нагирифтанд."

Субҳи 29-уми апрел Обама ба сардори Идораи марказии кашф, Леон Панетта, ки як рӯз пеш ба ишғоли мақоми вазири дифоъ, Роберт Гейтс номзад шуда буд, иҷозатномаи расмӣ фиристод. Панетта масъули асосии амалиёт таъин шуда, аз ситоди Идораи марказии кашф бо Гурӯҳи вижа дар тамоси доимӣ буд ва ба амалиёт раҳбарӣ мекард.

Ҷузъиёти амалиёти пуршӯри ҳарбӣ аз тарафи хабарнигори “Политико”, Майк Аллен, ки бо мақомоти аршади беном сӯҳбат кардааст, мунташир гашт. Ибтидо қарор буд, амалиёт рӯзи 30-юми апрел баргузор шавад. Аммо бо сабаби бад будани вазъи обу ҳаво ба таъхир афтод ва рӯзи 1-уми май сурат гирифт.

Чархбол мебоист дар ҳаво таваққуф карда, дастаи махсусро ба дохили ҳавлӣ мерасонд, аммо дар ҷои амн фуруд омад. Баъд аз поин омадани ҳайат чархбол, ки бомбгузорӣ шуда буд, тарконида шуд ва маълум набуд, чархболи эҳтиётӣ ба ин ҷо хоҳад омад ё на.

Дар ҷараёни рейд бин Лодин “талош кард, ба нерӯҳои ҳамлавар муқовимат кунад” ва “ба тарафи рӯйи ӯ тир андохта шуд.” Бино ба баъзе аз хабарҳо тир ба чашми чапи ӯ расидааст. Раҳбари даста дар бораи ёфт шудани бин Лодин ба Воштингтон хабар дод. Сипас ҳайат ҳамаи далелҳоеро, ки дар хона пайдо кардаанд, гирифта, ҷасади бин Лодинро аккосӣ карданд ва дар чархболҳои эҳтиётӣ бозпас париданд.

Гурӯҳи вижаи SEAL дар соати 12-у ними шаб ба вилла ҳамла кард ва пас аз 45 дақиқа бо ҷасади бин Лодин ба Афғонистон баргашт. Ҷасад дертар дар баҳр “гӯронда” шуд.
XS
SM
MD
LG