Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи миллионҳои Қаззофӣ ва Муборак дар Швейтсария


Мақомоти Швейтсария мегӯянд, 360 миллион франки швейтсарӣ ё 416 миллион доллари амрикоии раҳбари Либия Муаммар Қаззофиро кашф кардаанд, ки эҳтимолан ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Швейтсария, Ларс Нухел гуфт, ҳамчунин 410 миллион франке ёфт шудааст, ки ба раисиҷумҳури барканоршудаи Миср, Ҳуснӣ Муборак ва 60 миллион франк ба раҳбари пешини Тунис Зайнулобиддин Бен Алӣ тааллуқ доштаанд. Нухел афзуд, ҳамаи ин сармояҳо то пажӯҳиши комил беҳаракат боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG