Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия 10 тан кушта ва 500 нафар боздошт шудаанд


Сухангӯи артиши Сурия мегӯяд, нерӯҳои амниятии ин кишвар дар ҳамлае ба шаҳри Даръо, пойгоҳи мухолифони раисиҷумҳур Башор ал-Асад 10 нафарро кушта, 500 тани дигарро боздошт кардаанд. Ҳабси афроде дар ташкили тазоҳуроти зиддидавлатӣ айбдор мешаванд, ҳамчунин дар чанд минтақаи дигари Сурия ва канораҳои пойтахти он Димишқ низ ба вуқӯъ пайвастааст. Бархе аз манобеъ мегӯянд, аз оғози тазоҳуроти оммавӣ бо талаби истеъфои ҳукумати Сурия то ҳоло 560 шаҳрванди мулкӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG