Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи вокунишҳо ба қатли Усома бин Лодин


Дар ҳоле ки раҳбарони ҷаҳон аз қатли Усома бин Лодин истиқбол кардаанд, ҷунбишии Толибони Покистон таҳдиди ҳамлаҳо ба Покистон ва Иёлоти Муттаҳидаро кардааст. Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун марги бин Лодинро як фурсати ҳалкунандаи ҷанги ҷаҳонии зидди терроризм номид. Дабир кулли НАТО, Фоғ Расмуссен гуфт, қатли бин Лодин як “муваффақияти муҳим” аст, аммо ҷанги зидди терроризм идома хоҳад кард. Аз сӯи дигар, раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай таваҷҷӯҳро ба шеваҳои амалиёти зидди терроризм дар кишвараш ҷалб кард. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама дар як изҳороти расмӣ аз ҳалокати раҳбари Ал Қоида, Усома бин Лодин дар Покистон ба тавассути нерӯҳои видаи кишвараш хабар дод ва ин воқеаро як дастоварди муҳиму иҷрои адолат номид.
XS
SM
MD
LG