Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Дидбони ҳуқуқи башар аз мақомоти Баҳрайн


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар аз мақомоти Баҳрайн даъват кард, иҷрои ҳукми қатл ва ҳабси абади шиъагонеро, ки дар қатли ду маъмури амниятӣ айбдор шудаанд, ба таъвиқ гузоранд. Ин ниҳод муҳокимаи ҳафт нафарро дар додгоҳи ҳарбӣ, ки чаҳор нафарашон ба қатл маҳкум шудаанд, нодуруст ва далелҳои муҳокимаро нокофӣ мешуморад. Аз шуруи нооромиҳо дар Баҳрайн ҳукумати ин кишвар як қатор додгоҳҳои ҳарбӣ таъсис додааст, ки дар онҳо даҳҳо нафар аз норозиёни шиъа бидуни имконияти дифои ҳуқуқӣ ба қатл ё ҳабси дарозмуддат маҳкум мешаванд.
XS
SM
MD
LG