Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвои телевизиони Эрон дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи Исроил


Имрӯз телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки Исроил дар пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Ироқ ҳавопаймои худро омода мекунад, то ба Ҷумҳурии Исломӣ ҳамла барад. Телевизиони “Press”-и Эрон ин нуктаро аз қавли шахсе хабар додааст, ки ба Муқтадо ал Садр-рӯҳонии ироқӣ наздик будааст. Аз ин шахс ном бурда намешавад. Вале вазорати дифои Амрико ин хабарро хандаовар номид ва гуфт, ки он появу асос надорад. Сухангӯи артиши Исроил низ гуфт, ки аз чунин нақшаҳо хабар надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG