Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи “Авасто” аз озмуни байналмилалии мусиқии ҷаз, ки дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, бо пирӯзӣ ба ватан баргашт.

“Авасто” аз миёни даҳ дастаи касбии ҷазсаро, мақоми аввалро касб кард.

Таҳмина Рамазонова, овозхони ин гурӯҳ мегӯяд, ки яке аз шартҳои аслии ин озмун – иҷрои таронаи қирғизӣ будааст ва интихоби Таҳмина болои таронаи маъруфи «Эстедим сени» - яъне “Туро дар ёд дорам” афтод ва ҳамин оҳанг ӯро барандаи ҷоизаи аввали озмун гардонд.

Гурӯҳи “Авасто” яке аз он дастаҳои хоси ҳунарист, ки бо собиқаи тӯлонии кору эҷод ҳамеша сабки вижаи мусиқиро ҳифз кардааст. Аъзои ин гурӯҳ мегӯянд, ки пайваста дар фикри эҷоди тоза, бемисл ва хеле самимӣ ҳастанд. Солҳо охир, тамаркузи ин гурӯҳ бештар болои омезиши оҳангҳои мухталиф ва ё фюжин ихтисос ёфтааст, ки маънояш ҳамоиши навоҳои мардумӣ бо оҳангҳои поп, ҷаз ва рок аст

Ин гурӯҳ ҳанӯз 18 сол пеш бо ташаббуси бародарони эҷодкор Ҷаъфар, Умед ва Ҷасур Халиловҳо таъсис ёфта дар охирҳои солҳои 1990-ум ба ин гурӯҳ Таҳмина Рамазонова, бо шева ва сабки хоси иҷрои оҳангҳои бадахшӣ ворид шуд.

Гурӯҳи “Авасто”-ро дар дохил ва хориҷи кишвар хуб мешиносанд. Онҳо мегӯянд, мухлисонашон ба мисли таронаву оҳангҳояшон ҳам вижа аст. “Ҳаводорони мо онҳоеанд, ки шунидани мусиқии касбӣ, баландсифат ва ҳирфаиро тарҷеҳ медиҳанд. Аксари онҳо бахши таҳсилкардаи ҷомеаи Тоҷикистон ҳастанд, ки хуб ба дарки маъниву шеър ва оҳанг мераванд”, мегӯянд аҳли “Авасто.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG