Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева бо вазъ дар марзҳои ҳамсоягонаш ошно мешавад


Бино ба гузоришҳо, имрӯз Роза Отунбоева аз ҷануби кишвараш боздид кард, то бо вазъ дар марзҳои кишвараш бо Тоҷикистону Узбакистон ошно шавад. Ин боздид ду рӯз давом мекунад. Имрӯз вай дар вилояти Ботканд дар ноҳияи Лайлак, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, аз чанд деҳа боздид кард. Марзҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон мушаххас шудааст, вале баъзе ҷойҳо аломатгузорӣ нашудааст ва чунин номуайянӣ гаҳ-гоҳе сабаби нақзи марзи миёни ин ду кишвар аз сӯи шаҳрвандон мешавад.
XS
SM
MD
LG