Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуд аз Ҳолокост ё қатли оми яҳудиҳо


Имрӯз Исроил ёдбуди Ҳолокост ё қатли оми исроилиҳо дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонро, ки дар он 6 миллион яҳудиҳо кушта шудаанд, баргузор кард. Он вақт ин 6 миллион нафар аз се як ҳиссаи яҳудиҳоро ташкил медод. Рӯзи ёдбуди Ҳолокост бо садои сиренаи ҳавоӣ оғоз шуд ва мардум ду дақиқа сукут ихтиёр карданд. Ҳаракат дар ҳама ҷо - дар нақлиёти заминӣ, роҳҳои оҳану обӣ - муттаваққиф шуд. Ҳамчунин имрӯз дар назди Освенцим-урдугоҳи марг дар Полша - тақрибан 7 000 яҳудӣ ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни ин конслагер гирди ҳам омаданд.
XS
SM
MD
LG