Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҷаҳон аз марги Усома Бен Лоден истиқбол карданд, дар ҳоле, ки Ҷунбиши Толибони Покистон таҳдид кардааст, ки ба Покистону Амрико ҳамла мебарад. Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО марги Бен Лоденро “комёбии муҳим” хонд, вале ҳушдор дод, ки мубориза бар зидди терроризм давом мекунад. Ҳомид Карзай гуфт, Толибони Афғонистон бояд “сабақ бигиранд” ва ба даргириҳро хотима бахшанд:

“Ман садо мекунам аз Толибон, ки ибрат бигиранд аз ин коре, ки дирӯз дар Абботобод рух дод. Даст бикашанд аз ҷанг, даст бикшанд аз харобии ватани худ ва куштори бародари худ ва фарзанди худ...”

Арабистони Саудӣ, ки зодгоҳи Бен Лоден аст, дар эъломияи расмӣ гуфт, марги вай “қадаме ба пеш дар роҳи нобудии терроризм аст”. Аз сӯи дигар, Эҳсонулло Эҳсон-сухангӯи Таҳрики Толибон ё Ҷунбиши Толибони Покистон таҳдид кард, ки ин гурӯҳ ҳамла ба раҳбарони ҳукумати Покистон, артиши Покистон ва ба Амрикоро оғоз хоҳад кард. Гурӯҳи исломгарои Ҳамоси Фаластин марги Бен Лоденро маҳкум кард ва аз вай “муборизи муқаддаси араб” ном бурд. Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, марги Бен Лоден “ҳар гуна далел”-и истиқрори нируҳои Амрико дар Ховари Миёнаро аз байн мебарад.
XS
SM
MD
LG