Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи ҷаҳониён аз марги Усома Бен Лоден


Усома Бен Лоден

Усома Бен Лоден

Раҳбарони ҷаҳон аз хабари куштори Усома Бен Лоден истиқбол карданд, дар ҳоле, ки Толибони Покистон таҳдид кардаанд, ки ба Покистону Амрико ҳамла хоҳанд бурд. Бен Лоден дар ҷараёни як амалиёти нируҳои Амрико рӯзи якшанбе дар Покистон кушта шуд. Раҳбарони ҷаҳон ин кушторро “пирӯзии адолат” арзёбӣ карданд, вале ҳушдор доданд, ки мубориза бо терроризм идома хоҳад ёфт. Хонум Аҳренкилде Ҳансен-сухангӯи Кумиссиюни Аврупо дар Бруссел гуфт:

“Усома Бен Лоден барои ҳамлаҳои фаҷеонаи террористии худ, ки ҷони ҳазорон мардуми бегуноҳро рабудааст, масъул буд. Марги вай ҷаҳонро амнтар мекунад ва собит месозад, ки ҷиноят бекайфар нахоҳад монд”.

Аз сӯи дигар Эҳсонулло Эҳсон-сухангӯи Таҳрики Толибон ё Ҷунбиши Толибони Покистон таҳдид кард, ки ин гурӯҳ ҳамла ба раҳбарони ҳукумати Покистон, артиши Покистон ва ба Амрикоро оғоз хоҳад кард. Гурӯҳи исломгарои Ҳамоси Фаластин марги Бен Лоденро маҳкум кард ва аз вай “муборизи муқаддаси араб” ном бурд.
XS
SM
MD
LG