Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

2 фаъоли ҳуқуқи башар дар бемористон бистарӣ шуданд


Ду нафар аз фаъолони ҳуқуқи башари Қазоқистон дар бемористоне дар Алмаато бистарӣ шудаанд. Баъд аз иҷборан пароканда сохтани тазоҳуроти Рӯзи байналмиллалии коргар аз сӯи полис ин ду нафарро ба бемористон интиқол додаанд. Даҳҳо нафар аз ҷонибдорони ҷунбиши мухолифон бо номи “Қазоқистон-2012” ва Кумитаи модарони зиндониён ба хиёбони марказии шаҳр баромаданд, то Якӯми Майро ҷашн гирианд. Вадим Курамшин-фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, ду нафар аз фаъолонро полис лату кӯб кардааст ва онҳо ба бемористон бурда шудаанд.
XS
SM
MD
LG