Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи куштори 3 кӯдак ба додгоҳ фиристода шуд


Парвандаи гумонбаре ба куштори ваҳшиёнаи се кӯдаки як хонавода дар Қӯрғонтеппа ба додгоҳ фиристода шуд. Шоҳҷаҳони 9-сола, Лобари 13 ва Наргиси 15-сола моҳи декабри соли гузашта дар манзили зисти худ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо чанд зарби корд кушта шуданд. Пас аз як рӯзи ин ҳодиса кормандони полис Фирдавс Саидови 18 сола-шогирди падари кӯдакони кушташударо чун гумонбари қатли ин ноболиғон дастгир кард.
Ҳоло додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа расидагӣ ба парвандаи иборат аз 1200 сафҳаии Фирдавс Саидовро ба итмом расонда, ба додгоҳи вилояти Хатлон фиристодааст.
XS
SM
MD
LG