Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қатли Усома бин Лодин


Шодии амрикоиҳои аз хабари кушта шудани Усома бин Лодин

Шодии амрикоиҳои аз хабари кушта шудани Усома бин Лодин

Хабари қатли раҳбари шабакаи Ал-Қоидаро бисёриҳо як дастоварди бузург дар роҳи мубориза бо терроризм хонданд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мардум бо шӯру ҳаяҷон аз ин хабар истиқбол карданд.

ШОДИИ АМРИКОИҲО АЗ ҚАТЛИ БИН ЛОДИН


Дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вашингтон, аз ҷумла назди Кохи Сафед, мардуми зиёде дар майдонҳо бо шиорҳои ватанпарастона аз ин хабар хушҳолӣ мекарданд.

Ричард Солаш, хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар назди Кохи Сафед буд, аз ҳолу ҳаво ва вокуниши мардум ба ин хабар мегӯяд: Баъди таъйиди хабари қатли Усома бин Лодин, назди Кохи Сафед ба як саҳнаи хушҳолӣ ва таҷлил табдил шуд. Мардум 10 сол мунтазири ин хабар буданд ва инро як пирӯзии комил барои Амрико ва як лаҳзаи воқеъии таърихӣ медонистанд. Мардум кӯшиш мекарданд, ҳодисаи муҳимтарин ва қобили қиёсеро бо қатли бин Лодин пайдо кунанд, мисли ҳодисаи боздошти фарде, ки Линколнро кушта буд, ё ҳодисаи марги Адолф Гитлер. Мардум ба хурӯш омада буданд, шиор медоданд ва суруди миллии Амрикоро мехонданд. Мардум худро ба парчамҳои Амрико печонида буданд ва ифтихори зиёд аз раиси ҷумҳур ва азми Иёлоти Муттаҳида эҳсос мешуд. Ман аз чанд нафар пурсидам, ки оё бо қатли бин Лодин, ҷанг алайҳи террор ба поён мерасад? Посухи онҳо манфӣ буд ва мегуфтанд, ки терроризм ҳамчунон хатаре хоҳад буд, ки барои Амрико ва бақияи ҷаҳон мушкил эҷод мекунад. Аммо онҳо мегуфтанд, ки қатли Бин Лодин, як гоми муҳим дар амри маҳви терроризм аст ва ин як паёми бисёр қавӣ аст, ки Амрико таслим намешавад.



Суол: Вокунишҳои маҳфилҳои сиёсӣ чӣ гуна аст, онҳо қатли бин Лодинро барои ҳукумати Барак Обама чӣ дастоварде арзёбӣ мекунанд?

Ҷавоб: Қатли Усома бин Лодинро аксарият воқеан як дастовард арзёбӣ кардаанд. Ман бо чанд нафаре, ки сӯҳбат кардам, гуфтанд, ки ин хабар рӯҳи тамоми Амрикоро боло хоҳад бардошт, ки ҳоло бо мушкилоти иқтисодӣ ва ҳамчунин баҳсҳои шадиди якҷонибаи сиёсӣ рӯ ба рӯст. Ба андешаи онҳо, ин гуна хабар барои фазои Амрико муҳим буд ва ҳамчунин ба андешаи онҳо, ин хабар аз назари сиёсӣ барои раиси ҷумҳури Амрико низ фавқулодда хуб аст.

ИСТИҚБОЛИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аз қатли Усома бин Лодин, истиқбол кард. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё гуфт, бо хабари марги бин Лодин, “мардум дар саросари ҷаҳон нафаси сабук хоҳанд кашид”. Ӯ бо дастоварди бузург хондани қатли бин Лодан афзуд, дар рӯзҳои оянда бояд боз ҳам ҳушёртар буд.. Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, бо марги бин Лодин, Ал-Қоида аз байн нахоҳад рафт.



Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон гуфт, марги бин Лодин барои мардуми сулҳдӯст ва озодандеши дунё хабари хубест, ки ба бозиҳои хунини ин террорист ҳам поён дода мешавад.

Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен хабари қатли раҳбари Ал-Қоидаро “пешрафти бузурге” хонд ва гуфт, НАТО ҳамчунон маъмурияташ дар Афғонистонро идома хоҳад дод, то ин кишвар дигарбора ба паноҳгоҳи террористон табдил нашавад. Ҷопон як шарики муҳими Амрико қатли бин Лодинро як пешрафти муҳим дар амри мубориза бо терроризм хонд вале ҳамзамон гуфт, хатари терроризм ҳамчунон ҷиддист ва қатли бин Лодин, поёни қисса нест.

ПОКИСТОН ҲАМ ХУШҲОЛ АСТ


Давлати Испониё маҳви раҳбари созмони террористии Ал-Қоида дар Покистонро, “як гоми муассир дар роҳи мубориза бо терроризми байналмилалӣ” номид. Дар Покистон, низ давлати ин кишвар бо ибрози хушҳолӣ аз қатли Усома бин Лодин гуфт, маҳви пешвои террористон баёнгари он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла Покистон дар азми худ барои маҳви терроризм собитанд.

Русия гуфт, қатли бин Лодин пешрафти чашмгире аст ва афзуд, омодааст дар роҳи мубориза бо терроризм ҳамкорӣ бо Амрикоро тақвият диҳад. Абдулло Гул, раиси ҷумҳури Туркия иброз дошт, марги бин Лодин бояд ҳушдоре ба дигар терористҳо ва созмонҳои терористӣ бошад.

Дар кишварҳои арабӣ ба ғайр аз Яману Ироқ, дар робита ба марги бин Лодин аксарият сукут ихтиёр карданд. Як мақоми яманӣ гуфт, қатли бин Лодин дар решакан кардани терроризм дар ҷаҳон кӯмак мекунад ва вазири умури хориҷаи Ироқ гуфт, аз ин хабар хушҳол шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG