Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Обама дар робита ба қатли Усома бин Лодин


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама дар як изҳороти расмӣ ҳалокати раҳбари Ал Қоида, Усома бин Лодинро тасдиқ кард. Вай гуфт, сар аз моҳи сентябри соли 2001, пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябр хадамоти иктишофии Амрико дар пайи Усома бин Лодин буданд ва ин иттилоъро доштанд, ки пас аз оғози амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон вай дар манотиқи марзии Покистон паноҳ бурдааст. Обама гуфт, ҳафтаи гузашта, замоне ки дар бораи ҳаракат ва макони будубоши Усома бин Лодин иттилои кофӣ ба даст омада буд, ӯ ба баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои Амрико барои боздошт ё қатли ӯ фармон додааст. Ин ҳамла шаби гузашта дар Бодободи Покистон ба вуқӯъ пайвастааст ва дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона бин Лодин кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG