Пайвандҳои дастрасӣ

Мегӯянд хонаи бетифл қабристон аст. Воқеан манзилеро, ки аз он садои гиряву хандаи тифле ба гӯш намерасад, дигар чӣ ном метавон ниҳод?

Бобои Шокарим аз зумраи падароне буд, ки аз бефарзандӣ азоби рӯҳӣ мекашид. Вай бо ҳамсараш Зумрадхонум солҳои зиёд интизоранд, вале ҳамоно аз меваи боғи ҳаёт бенасиб.

Вақте паймонаи сабри онҳо саршор шуд, бо машварат назди хеш карор гузоштанд, ки аз ятимхона кӯдаке бигиранду ба камол расонанд, то бигзор вориси онҳо бошад.

Бо ин тасмим Шокарим-бобо писараки нӯҳсолаеро ба фарзандӣ пазируфт ва уро чун падари вокеӣ зери нури раҳму муҳаббат тарбия кард. Писарак Далер низ якбора рангу маънии зиндагии ин оиларо ба куллӣ иваз намуд.

Далер низ ба зудӣ Шокарим-бобову Зумрадхонумро чун волидони ғамхору меҳрубон пазируфт ва ба онҳо арҷу эҳтиром мегузошт.

Бобои Шокарим, ин марди наҷибу некном , ба солхӯрдагӣ ва ба риши чун барф сафедаш нигоҳ накарда, лаҳзае даст аз кор барнамедошт ва ҳаргиз эҳсоси хастагӣ намекард. Вай талош мекард, ин хислатҳоро ба Далер бидиҳад ва писари чобукаш дарёри ӯ бошад.

Гӯи ин мисраъҳо бозгӯи ҳолу ҳавои Далер бошанд:

Ман бачаи парваридаи деҳ,
Бо бурдаи нони қоқ серам,
Аз ҷумлаи мушкилоти айём,
Боке набувад, мисоли шерам.

Бас обилаҳои бешуморе,
Бишукуфт агарчи дар дили по,
Чун зодаи хоки рустоям,
Моил бувадо дилам ба саҳро.

Бо кишту дарав чу умр бигзашт,
Шодам ҳама аз гузашти айём,
Он к-у набувад қарини меҳнат,
Сармозада ғураест, ки хом


Бобои Шокарим дар деҳааш бо доштани молу кол ном дорад. Дар урфият мегуянд "Мол дорӣ-ҳол дорӣ", ки ин комилан дуруст аст. Гӯсфанду бузғола ва гову колаи зиёде дорад, ки ба чарогоҳ бурда, чаронидани онҳо дар дӯши Далер аст. Далери шуҷоъ ва бебок бомдод молҳоро ба чарогоҳ мебарад ва то ғуруби хуршед онҳоро мечаронаду нигоҳубин мекунад. Далер маҳз туфайли доштани чунин падар дар деҳа дорои арзишу эҳтиром ва обрӯи баланд аст. Ва аз ӯ ифтихор мекунад.

Бо чунин минвол ва маҷро рӯзҳо яке паси дигаре сипарӣ мегашт ва албатта, шумораи молҳо сол аз сол афзоиш меёфт. Ва зиндагии Шокарим-бобо батадриҷ беҳтар мешуд. Бояд инро зикр намуд, ки Далер бо вуҷуди ана ҳамин масруфияташ мактаби миёнаро бо баҳои аъло ба итмом расонад ва чун дигар ҳамсолонаш дар дил орзуи донишҷуиро мепарвард. Чун Бобои Шокарим худ марди илму савод буд, нисбати ин амр бетаваҷҷӯҳӣ накард. Аз ин рӯ ба идома додани таҳсили Далер дар омӯзишгоҳ розӣ шуд. Солҳои донишҷӯӣ низ тай гашта, акнун у ба як марди комилу таҳамтане табдил гашт.

Дар яке аз рӯзҳои гарми тобистон аз набудани писараш истифода намуда, Шокарим-бобо ба завҷааш мавзӯи хонадоршавии Далерро матраҳ мекунад ва мегӯяд:

--Ана бубин, писари мо камол ёфт, рушд кард шукронаи худо, таҳсилро ҳам тамом кард ва ҳоло ҷомаи мардӣ ба тан дорад. Ӯро бояд ба худаш лоик ҷуфт намоем. Ту чӣ мегӯӣ?
--Бале , дуруст фармудед. Хонадор кардани фарзанд карзу фарзи мост. Оилаи ӯро бояд сомон диҳем, зеро ӯ мояи фахри мову шумост.

Ҳамин тариқ ҳарду розигии Далерро гирифта, аз паи барпо намудани ҷашни арӯсӣ мешаванд. Онҳо тасмим мегиранд, ки Сабрина ном духтареро, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист ва хеле ҳалиму хоксор аст, хостгорӣ намоянд.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Издивоҷи Далер бо Сабрина бидуни харҷу марҷи изофа ва бо урфу оини миллӣ хотирмон буд. Ва ҳарду аз ҳамдигар шоду масрур буданд. Хурсандиву хушнудии бобои Шокарим ва Зумрадхонум, аз ин ки эшон соҳиби арӯси дастёру зебо гаштаанд, ҳадду канор надошт. Ҳине ки хешу табор, дӯсту пайвандон парвонавор пиромуни шамъи дидори Бобои Шокариму Зумрадхонум ҷамъ мешуданд, Бобои Шокарим ба ҳама нигариста,бо садои шодибахшу лек дардолуд ва қаноатмандона ин ҷумлахоро такрор мекард:

-- Имрӯз ки бо лутфу маарҳамати Худованд соҳиби як не, ду фарзанд гаштаем, худро хушбахтарин падар дар ҷахон мешуморам ва дигар дар дил ҳеч ҳасрату ормон надорам. Ман ҳоло омодаам ба рахт барбастан, дигар боке нест, зеро қаблан метарсидам, ки бидуни фарзанд бенишон мемонам. Ҳоло ки ин ду меваи боғи ҳаётро Худо бароям арзонӣ намудааст, дигар осудаам. Эшон ёдгоре аз ман хоҳанд буд ва дару девори хонаи ман насиби онҳо хоҳад буд.

Инро мегуфту ашк мерехт, аммо ҳеч кас намедонист, ки ин ашки шодӣ буд ё ашки андӯҳ...

Ҳанӯз чӣ қадар зану шавҳаре ҳаст, ки безурёт мондаву ба ҳаёт дилсарданд. Ҳанӯз чӣ қадар кӯдакони бекасе дар ятимхонаҳо роҳи падару модари худро мепоянд. Ҳамн гуна ки солҳо пеш Далер он ҷо буду чашмонаш роҳ медид...

Ҳанӯз чӣ хонаҳое шабеҳи қабристонанд ва деворҳо интизори садои кӯдакон...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG