Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия аз ҳамла ба сафоратҳо изҳори таассуф кард


Ҳукумати Либия мегӯяд, аз ҳамлаи издиҳом ба сафоратхонаҳои Британия ва Италия дар рӯзи якшанбе мутаассиф аст. Ноиби вазири умури хориҷии Либия, Холид Каим гуфт, ба иллати зиёдии ҳамлавароне, ки аз зарбаи ҳавоии НАТО ва ҳалокати писару се набераи Муаммар Қаззофх ба хашм омада буданд, полис натавонист аз вуруди онҳо ба сафоратҳо пешгирӣ кунад. Баъд аз хабарҳои ҳалокати писар ва набераҳои раҳбари Либия, Муаммар Қаззофӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО, издиҳоми хашин дар Троблус ба бинои намояндагии Созмони Милал ва сафоратҳои ғарбӣ ҳамла кард. Созмони Милал мегӯяд, кормандонашро аз Троблус кӯчондааст
XS
SM
MD
LG