Пайвандҳои дастрасӣ

Таъхир дар парвози охирини сафинаи рафтубозгашти NASA


Бунгоҳи ҳавонавардии Иёлоти Муттаҳида, НАСА, парвози сафинаи “Эндевоур”-ро ба камияш то 8-уми май ба таъвиқ гузошт. Қарор буд, дар ин парвози охирини сафинаи рафтубаргашт рӯзи ҷумъа нурозмои тақҳиқи ҷирмҳои кайҳониро бо номи “Алфа Магнетик”, ки 2 миллиард доллар нарх дорад, ба Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ расонда шавад. Аммо дар яке аз қисмҳои таҷҳизоти гармидиҳии генератори барқи сафина мушкили фаннӣ кашф шуд ва сабаби таъхири парвоз гардид. Киштии “Эндевоур” дар соли 1986 ба ҷои сафинаи “Чалленҷер”, ки мунфаҷир гашта буд, сохта шуда, мӯҳлати истифодаи он акнун ба поён мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG