Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миср мехоҳад марзи Ғаззаро барои ҳамеша боз кунад


Вазорати умури хориҷии Миср мегӯяд, ҳадаф дорад, марзи ин кишвар бо Навори Ғаззаро барои ҳамеша боз кунад. Сухангӯи вазорат, Менҳа Бахум, гуфт, Миср дар пайи барои ҳамешагӣ боз кардани марз ба хотири додани сабукиҳо ба фаластиниҳои ҷабрдида аст, вале ҳамаи механизмҳо ин иқдом то охир омӯхта нашудаанд. Вай гуфт, масъала дар тамоми сатҳҳо дар ҳоли таҳқиқ аст ва мӯҳлати иҷрои ин тарҳ муайян нашудааст. Ҳукумати Ҳуснӣ Мубораки барканоршуда дар ташдиди муҳосираи Навори Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи исломии Ҳамос аст, бо Исроил ҳамкорӣ мекард.
XS
SM
MD
LG