Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон аз рӯзи якуми май бо раҳпаймоӣ ва тазоҳурот таҷлил карданд. Дар шаҳрҳои бузурги Русия тарафдорон ва мухолифони ҳукумат дар майдонҳои гуногун ҷамъ омада, назари хешро ба вазъи феълӣ дар Русия баён доштанд. Дар Украина ҳизби коммунисти ин кишвар наздик ба 5 ҳазор нафарро дар Киев гирди ҳам овард. Иттифоқҳои касабаи Фаронса дар даҳҳо шаҳру рустои ин кишвар тарафдорони худро ба майдонҳо кашиданд. Яке аз ин созмонҳо мегӯяд, дар ин раҳпаймоиҳо бо даъвати ҳифзи ҳуқуқи коргарон 120 ҳазор нафар ширкат ҷустааст. Дар раҳпаймоиҳои Олмон 420 ҳазор нафар ширкат варзиданд ва дар бархе аз маҳалҳо бо полис даргир шуданд. Дар Тоҷикистон ҳарчанд 1-уми май рӯзи ид боқӣ мондааст, маҳфилу тазоҳуроте ба вуқӯъ напайвастааст.
XS
SM
MD
LG