Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи таҳримҳои зидди Сурия аз тарафи Иттиҳоди Аврупо


Сарвазири Британия, Дейвид Камерон, аз рӯйдодҳои Сурия интиқод кард ва саркӯби мухолифонро аз тарафиҳ укумати ин кишвар як падидаи “нафратовар” номид. Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ба Сурия фишори бештар ворид кунанд. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, дар ҳоли таҳияи тарҳи таҳримҳои зидди ҳукумати Сурия аст, ки аз ҷумла таҳрими фурӯши силоҳро ба Димишқ низ дар назар хоҳад дошт. Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷии Туркия, Аҳмад Довудоғлу зидди дахолати мусаллаҳонаи хориҷӣ дар рӯйдодҳои Сурия ҳушдор додааст.
XS
SM
MD
LG