Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Бино бар хабарҳо аз ҳамлаи артиши Сурия дар Даръо, пойгоҳи мухолифони президент Башор ал-Асад чандин нафар кушта шудаанд. Гуфта мешавад, маъмурони амниятӣ садҳо нафарро дар ин шаҳр бо гумони ширкат дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ боздошт кардаанд. Дар ҳамин ҳол мухолифон ба намоишҳои эътирозии нав даъват кардаанд. Онҳо барканории ҳукумати феълии Сурияро талаб мекунанд. Созмонҳои ҳуқуқи инсон мегӯянд, аз оғози нооромиҳо дар Сурия дар нимаҳои моҳи март 580 нафар дар ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG