Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба сафоратҳои хориҷӣ дар Троблус


Баъд аз хабарҳои ҳалокати писар ва набераҳои раҳбари Либия, Муаммар Қаззофӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО, издиҳоми хашин дар Троблус ба бинои намояндагии Созмони Милал ва сафоратҳои ғарбӣ ҳамла кард. Созмони Милал мегӯяд, кормандонашро аз Троблус кӯчондааст. Бритониё пас аз ин ҳамла ба сафири Либия 24 соат вақт дод, то Бритониёро тарк кунад. Вазорати умури хориҷии Италия ҳамла ба сафораташ дар Троблусро як тахрибкорӣ номид ва маҳкум намуд. Бино бар хабарҳо Қаззофӣ низ дар маҳалли ҳамла будааст, вале зинда монд.
XS
SM
MD
LG