Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Русия аз ҳамлаи ахири НАТО дар Либия


Константин Косачёв
Константин Косачёв
Вакили парлумони Русия Константин Косачёв ҳамлаи шаби шанбеи НАТО-ро, ки бино ба гузоришҳои тасдиқношуда, раҳбари Либияро ба ҳадаф дошт ва мунҷар ба ҳалокати писару се набераи Қаззофӣ шуд, танқид кард. Косачёв гуфт, “шавоҳиди ҳарчӣ бештаре ҳокист, ки ҳадафи эътилоф ба таври ҷисмонӣ аз байн бурдани Қаззофист.” Сухангӯи давлати Либия Мӯсо Иброҳим низ ин ҳамларо сӯъиқасди мустақим ба ҷони Қаззофӣ номид. НАТО аммо мегӯяд, ин ҳамла як бахши тавсиаи амалиётҳояш дар Либия аст ва афродро ҳадаф намегирад. Вазорати хориҷаи Русия низ аз кушта шудани писару 3 набераи Муаммар Қаззофӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG