Пайвандҳои дастрасӣ

Дар дохили Эрон як бӯҳрони сиёсӣ дар сутуҳи олии раҳбарӣ дар ҳоли даргирифтан аст.

Бино ба хабарҳо, раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод чанд рӯз боз ба дафтари кораш ҳозир намешавад ва дар ҷаласаи кобина ҳам ширкат намекунад.
Маҳмуди Аҳмадинажод то кунун дар маҳофил нафаре рақам зада мешуд, ки аз гуфтаи раҳбари Инқилоб берун пой намегузорад ва як сояи Хоманаист...


Гуфта мешавад, аз сӯи раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар мақомаш барқарор шудани вазири иттилоот Ҳайдар Муслиҳӣ, ки Аҳмадинажод ӯро маҷбур ба истеъфо карда буд, сабаби чунин қаҳри раисҷумҳур ва хонашин шудани ӯ шудааст.

Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки ин шояд аломати набард барои қудрат байни ӯ ва раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бошад.

Хоманаӣ ахиран вазири иттилоот Ҳайдар Муслиҳиро, ки Аҳмадинажод ӯро маҷбур ба истеъфо карда буд, дар мақомаш барқарор кард. "Ассошиэйтед Пресс" мегӯяд, рӯҳонии тундрав дар маъвизаи рӯзи намози ҷумъааш Аҳмадинажодро ба таври ғайримустақим аз чолиш бо Хоманаӣ ҳушдор додааст.

Дар ҳар сурат, ин моҷаро баландтарин танишест, ки байни якуним давраи раёсати Аҳмадинажод миёни ӯву раҳбари рӯҳонии Эрон иттифоқ меуфтад. Он ҳам дар ҳоле ки Аҳмадинажод то кунун дар маҳофил нафаре рақам зада мешуд, ки аз гуфтаи раҳбари Инқилоб берун пой намегузорад ва як сояи Хоманаист.

Перомуни асли ин моҷаро ва паёмадҳояш гуфтугӯе доштем бо Беҳрӯзи Карунӣ, хабарнигори Радиои Фардо.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG