Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳ зоҳиран аз раёсати Яман рафтанӣ нест


Ақрабаки вақт дигар ба зидди Солеҳ гаштааст
Ақрабаки вақт дигар ба зидди Солеҳ гаштааст
Ташаккули умдаи мухолифини Яман раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро ба сарпечӣ аз имзои роҳкори пешниҳодии Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ айбдор кард. Ройтерс аз қавли Султон Атвонӣ, як намояндаи мухолифин навишт, Солеҳ мехоҳад ба ин роҳҳалли буҳрони Яман, ки аз ҷумла истеъфои Солеҳ дар зарфи 30 рӯзро дар назар дорад, фақат ба ҳайси раҳбари ҳизби ҳоким имзо гузорад, на ҳамчун президент. Франс Пресс мегӯяд, миёнҷиҳо аз Шӯрои ҳамкории Халиҷ дар пайи нокомӣ тарки Яман кардаанд. Бо ин ҳол, дирӯз дар шаҳри Адан дар ҷануби Яман дар ҷараёни даргириҳо байни эътирозгарон ва нирӯҳо 2 сарбоз ва 3 тан аз афроди мулкӣ кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Адан як маркази эътирозҳои зидди давлати Солеҳ аст, ки 32 сол боз бар Яман ҳукумат меронад.
XS
SM
MD
LG