Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи эътирозҳо ба Малдив расид


Нирӯҳои амниятии Малдив имрӯз дар Мале, пойтахти ин кишвар, бо тазоҳургарон вориди даргирӣ шуда, пулис барои пароканда кардани эътирозҳо аз гази ашковар ва калтак истифода бурдааст. Бино ба хабарҳо, ҳазорон нафар ҳанӯз аз поси шаб барои ширкат дар эътирози имрӯза дар майдони марказии пойтахти Малдив ҷамъ шуданд. Онҳо истеъфои раиси ин ҷумҳурӣ Муҳаммад Ношид ва ислоҳоти ҷиддии иқтисодӣ талаб мекунанд. Ношид соли 2008 дар нахустин интихоботи чандҳизбӣ дар се даҳаи охир ба мақоми раёсат дар ин ҷазиракишвари Уқёнусия расидааст.
XS
SM
MD
LG