Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳои расида аз Эрон мегӯянд, вакилони парлумон хостори баррасии мавзӯъи аз иҷрои вазифааш зоҳиран даст бардоштани раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод шудаанд.
Бино ба хабарҳо, Аҳмадинажод 8 рӯз боз дар дафтари кораш ҳозир намешавад ва дар ҷаласаҳои ҳукумат низ ҳузур надорад. Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки ин шояд аломати набард барои қудрат байни ӯ ва раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бошад. Хоманаӣ ахиран вазири иттилоот Ҳайдар Муслиҳиро, ки Аҳмадинажод ӯро маҷбур ба истеъфо карда буд, дар мақомаш барқарор кард. Ассошиэйтед Пресс мегӯяд, рӯҳонии тундрав дар маъвизаи рӯзи намози ҷумъааш Аҳмадинажодро ба таври ғайримустақим аз чолиш бо Хоманаӣ ҳушдор додааст.
XS
SM
MD
LG