Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози "Ҳафтаи шикастани муҳосира" дар Сурия


Эътирози мардум дар Ҳама

Эътирози мардум дар Ҳама

Эътирозгарон дар Сурия аз имрӯз маъракаи мавсум ба “Ҳафтаи шикастани муҳосира”-ро ба роҳ андохтанд. Ин иқдом ба дунболи “Рӯзи ғазаб” аст, ки мухолифин рӯзи ҷумъа даъват карданд ва дар ҷараёни он беш аз 60 нафар кушта шуданд.
Бо ин ҳол, бино ба хабарҳо, нирӯҳои давлатӣ дирӯз болои шаҳри Даръо дар ҷануби Сурия шиллик карда, чанд нафарро куштаанд ва масҷиди қадими Умарӣ, як маркази умдаи эътирозгаронро таҳти назорат оварданд. Фаъолон мегӯянд, барои рӯзи сешанбе дар Бониёсу Ҷабла, рӯзи чоршанбе дар Ҳумс ва рӯзи панҷшанбе дар шаҳрҳои ҳошияи марзи Лубнон раҳпаймоиҳои ҷадид доир хоҳанд шуд. Эътирозгарон ислоҳоти сиёсӣ ва истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG