Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Помир-Инвест-2011" молҳи июн доир хоҳад шуд


Рӯзҳои 16 ва 17 июни соли равон дар Хоруғ ҳамоиши байналмилалии “Помир –Инвест-2011” баргузор мешавад. Ба навиштаи “Азия Плюс”, ин ҳамоиш бо ибтикори ҳукумати вилояти Бадахшон, кумитаи сармоягузории Тоҷикистон, иттиҳодияи “Милал-Интер” ва бо кумаки молии созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон доир хоҳад шуд. Боймамад Алибошов, раҳбари “Интер-Милан” дар ҷаласаи ахири гурӯҳи корӣ гуфтааст, барои “Помир –Инвест-2011” аз ширкатҳои маҳалливу хориҷӣ 80 тарҳи мухталиф расида, аз он миён алакай 12 бизнес-план барои баррасӣ дар анҷумани моҳи июн интихоб шудааст. Ҳадафи ҳамоиш ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Бадахшон аст.
XS
SM
MD
LG