Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хайр" ба ҷои аввал баромад


Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки дар даври панҷуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бар тими "Гвардия"–и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, бо 13 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромад.

Ин бозӣ рӯзи шанбе, 30-юми апрел, дар варзишгоҳи "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд.
Се бозии дигар миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе - "Равшан"-и Кӯлоб , “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва ”Энергетик”-и Душанбе - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров рӯзи якшанбе, 1-уми май, соати 17 оғоз меёбад...


Нахуст, ҳамлагари мизбонон Мирзобек Мирзоев, дар дақиқаи нуздаҳум ҳисобро боз намуд.

Голи дуввумро Раҳмоналӣ Баротов дар дақиқаи 35-ум ба самар расонид. Тӯби севумро боз Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 66-уми дидор вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Ин голи панҷуми Мирзобек Мирзоев дар мусобиқоти имсола ба ҳисоб меравад ва ӯ ҳоло дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал аст.

Дастаи "Вахш"-и Қӯрғонетппа бидуни бозӣ нахустин пирӯзиро ба даст овард. Ба иллати баргузор нашудани бозии ҳайатҳои дуввуми "Шодмон"-и Ҳисор ва "Вахш", бар асоси низомномаи мусобиқот дастаи мизбон - "Шодмон" бо ҳисоби техникӣ ё фаннии 0:3 мағлуб дониста шуд.

Се бозии дигар миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе - "Равшан"-и Кӯлоб , “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва ”Энергетик”-и Душанбе - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров рӯзи якшанбе, 1-уми май, соати 17 оғоз меёбад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Дастаҳо: БҒМБ Т И
1. "Хайр"54109-113
2. "Истиқлол"43109-010
3. "Равшан"43109-310
4. ССКА "Помир"43019-49
5. "Энергетик"31113-54
6. "Хуҷанд"41123-54
7. "Гвардия"41122-84
8. "Вахш"41035-53
9. "Регар-ТадАЗ"31025-73
10. "Шодмон"51048-123
11. "Парвоз"40040-120
XS
SM
MD
LG